Чартерҳо: чиро донистан зарур

Дар замони мо калимаи «чартер»-ро шояд ҳама шунавида бошанд. Аксарияти онҳо чунин тассавурот доранд, ки ҳавопаймо ба осоишгоҳ парвоз мекунад: онро ягон оператори сайёҳӣ, новобаста аз рейсҳои мунтазам, фармоиш дода, бо сайёҳатчиён ба таври ниҳоӣ пур кардааст. Киштии ҳавоӣ ба самти зарурие, ки эҳтимолан дар ҷадвали одатии ширкати ҳавопаймоӣ умуман қарор надорад, сафар карда истодааст.

Вале, шахсони ба шумор медонанд, ки ин танҳо як шакли рейсҳои фармуда мебошад, ки чун «инклюзив чартер» номида мешавад. Чиптаҳои ҳавопаймоии он, одатан, ба бастаи сайёҳӣ ворид мешаванд ва сайёҳатчӣ аз нархи аслиашон ҳатто дарак надорад. Аҳёнан, ширкатҳои сайёҳӣ саёҳатро бе парвоз мефурӯшанд: вале дар ин сурат ҳам ҷустуҷӯи ҳавопаймои «ҳамроҳӣ» ва фармоиши чиптаҳо барои мизоҷ вазифаи онҳо мебошанд.

 

Чартери пӯшида

Аммо, кадом чартерҳо боз вуҷуд доранд? Пеш аз ҳама, албатта, ин парвозҳои шахсии индивидуалӣ мебошанд. Чунин рейсро ҳар шахси ба синни балоғат расида фармоиш дода метавонад. Барои ин кифоя аст, ки ба авиаброкери боътимоди AVIAV TM (Cofrance SARL) муроҷиат карда, оиди иҷораи ҳавопаймо шартнома баста шавад. Он дар вақти барои мизоҷ қулай ба самти зарурӣ ҳаракат мекунад.

Киштӣ барои шумораи мусофироне, ки парвоз мекунанд, пешбинӣ мегардад, одатан чунин фармоишҳо барои на зиёд аз 5 – 10 нафар дода мешаванд. Дар вуҷуди хоҳиш танҳоӣ сафар кардан мумкин. Чунин парвозҳо дар шароити бароҳатии олидараҷа мегузаранд ва ба мусофирон хизматрасонии дараҷаи люкс пешниҳод карда мешавад.

Рейс мазкур чун «чартери пӯшида» номида мешавад. «Пӯшида» – бо сабаби он, ки одатан сайёҳатчиён кӯшиш доранд, ки маҳфият таъмин карда шавад. Танҳо авиаброкер ва кормандони алоҳидаи фурудгоҳ хабар доранд: кӣ ва ба куҷо сафар мекунад. Ин иттиллоот набояд фош шавад.

Бо чунин тарз бисёри вақт сиёсатмадорон, дигар шахсони мансабдор, соҳибкорони калон, ходимони машҳури ҷамъиятӣ, ситораҳои шоу-бизнес ва ғ. саёҳат мекунанд. Киштии ҳавоӣ барои мақсадҳои ҳам шахсӣ ва ҳам тиҷоратӣ ба иҷора гирифта шуда метавонад.

 

Чартери эфинитӣ

Тариқаи монандӣ –  ин «чартери эфинитӣ» мебошад. Ин ҳам рейси индивидуалӣ буда, вале фармоишгараш ташкилот аст. Чун мусофирон гурӯҳи муайяни шахсоне, ки бо як мақсад саёҳат мекунанд, дониста мешаванд. Масъалан, сафари хизматии кормандон, намоиши сайёрии театр, парвози дастаи футболбозон ба бозӣ ва садҳо тариқаҳои гуногуни дигар. Шумораи мусофирони рейсҳои мазкур аз 10 то 50 нафарро ташкил медиҳад.

Мутаносибан, киштиҳои андозаашон калонтар заруранд. Дар боқимонда тартиби

фармоиш фарқият надорад, ба истиснои он, ки шартнома ба номи шахси ҳуқуқӣ тартиб дода мешавад. Пас, авиаброкери AVIAV TM (Cofrance SARL) ҳавопаймои шакли заруриро дарёфт мекунад ва барои парвоз ба самти таъиншуда иҷозат мегирад. Дар киштӣ ҳар кадом хизматрасониеро: аз вуҷуднадории пурраи он – то ба аз ҳама боҳашамату сифатнок, фармоиш додан мумкин. Бартарии калон аз ин иборат аст, ки ҳамаи хоҳишҳои мусофирон ба назар гирифта шуда, нисбати ҳар яктоашон муносибати индивидуалиро таъмин кардан мумкин аст: масъалан доир ба таомнома барои варзишгарон ё вақтхушиҳо барои кӯдакон.

 

Чартери нон-эфинитӣ

Тариқаи монандӣ – чартери «нон-эфинитӣ» мебошад. Фармоишгари он низ ташкилот мебошад, вале мусофирон нисбати ҳамдигарашон вобастагӣ надоранд, ҳатто шинос ҳам намебошанд. Тариқаи мазкур одатан барои зиёраткунандагон, ҳаводорону тамошобинон ё иштирокчиёни мустақили ягон чорабинии калон интихоб карда мешавад. Барои чунин мақсадҳо одатан ҳавопаймое дорои  40 – 50 ҷои нишаст интихоб карда мешавад, вале баъзан киштиҳои ҳавоии аз ин ҳам калоне, ки барои зиёда аз 100 мусофирон пешбинӣ шудаанд, истифода карда мешаванд.

Тартиботи баиҷорагириаш монандӣ дорад: кифоя аст, ки ба ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) муроҷиат намуда, дар бораи мақсадҳои иҷораи ҳавопаймоӣ нақл карда шавад. Одатан, фармоишгар дар лаҳзаи муроҷиат аллакай медонад, ки чанд нафар парвоз мекунанд ва маълумотҳои шахсиашон низ дар ихтиёри ӯ қарор доранд. Агар мусофирони зиёд ҷамъ шуда бошанд, одатан киштии ҳавоие дорои канори дараҷаи эконом киро карда мешавад, вале дар вуҷуди хоҳиш, хизматрасонии нисбатан сифатнокро фармоиш додан мумкин.

 

Намудҳои дигари чартерҳо

Баъзан ба мисли рейсҳои фармуда боз «блок-чартер» ва «сплит-чартер» дониста мешаванд. Тариқаи якӯм – ин вақте, ки ягон ширкат қисми ҳавопаймоеро, ки рейси мунтазамро иҷро мекунад, ба иҷора мегирад (масъалан, аз ҷониби ширкати сайёҳӣ ба хотири ҷойҳои кафолатӣ дар ҳавопаймо барои мизоҷонаш).

Вобаста ба «сплит-чартер» гӯем, ин тариқа одатан дар хатсайрҳои бо бурофуро истифода карда мешавад. Дар ин ҳолат мусофирони рейсҳои мунтазаму чартерие, ки ба хатсайрҳои гуногун парвоз мекунанд, бо мақсади ба ҷои таъиншуда расидан, «омехта» мешаванд. Авиаброкерон бо ташкили чунин рейсҳо машғул намешаванд, ин масъалаҳо тавассути ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳалу фасл карда мешаванд.

 

Дар бораи чартерҳо боз чӣ донистан зарур

Дар бораи чартерҳо боз чӣ донистан зарур? Агар мизоҷи AVIAV TM (Cofrance SARL) ташкилот бошад, масъалан, коргоҳе, ки кормандонаашро ба сафари хизматӣ равон мекунад, ширкати сайёҳӣ ва ҳоқазо, авиаброкер бо он ҳамкорӣ мекунад. Ин он маъное дорад, ки новобаста аз хоҳишҳои мусофирон, фармоишгар фурудгоҳи парвоз, вақти сафар ва ҳатто мусофиронро дар лаҳзаи охирин иваз карда метавонад.

Зимнан, ба чунин ҳолат ҳатто оператори сайёҳии номдор роҳ дода метавонад. Баъзан, сайёҳатчӣ танҳо як шабонарӯз пеш хабардор мешавад, ки ӯро ба ҳавопаймои дигаре, ки субҳ не, балки бегоҳ парвоз мекунад, бо ким-кадом сабабҳо гузаронидан. Вале, бояд қайд кард, ки ташкилотҳои калон нархи саёҳатро метавонан паст кунанд, минҷумла – дар лаҳзаи охирин нархи чиптаҳоро, агар ҳамаи онҳо фурӯхта нашуда бошанд. Бинобарин, ҳар як ҳолат тарафи мусбиро низ дорад.

Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL), новобаста аз он кадом намуди чартерро шумо истифода мебаред, ба ҳамаи хоҳишҳои мизоҷон аҳамияти хеле ҷиддиро мебахшад. Худи мо ҳаргиз рейсро ба дигар фурудгоҳ намегузароним (ба истиснои ҳолатҳои фавқулодда) ва кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳавопаймо дар фурудгоҳ зиёд наистода, саривақт сафар кунад. Парвозҳоро ба мо фармоиш диҳед ва бо завқу ҳавас саёҳат кунед!

 

 

 

 

 

Яндекс.Метрика Top.Mail.Ru