Авиатсияи боркаш дар Қирғизистон

Авиатсияи боркаш дар Қирғизистон

Борҳоро ба дигар шаҳр ё мамлакат фавран бурдан зарур аст? Роҳи беҳтарини он – ҳавопаймоҳои нақлиётӣ аз маркази байнамилалии авиатсияи тиҷоратӣ  AVIAV TM (Cofrance SARL).

Ҳавопаймоҳои боркаш дар ҳаргуна ҳолатҳо заруранд. Одатан онҳо вақте лозим мешаванд, ки, масъалан, ғизои тезвайроншаванда, гулҳо, ҳайвоноти зинда, ҳуҷҷатҳои муҳим, доруворӣ, амволи арзишнокро бо тезӣ ва хеле эҳтиёткорона бурда расондан даркор. Дар ин сурат саёҳат тавассути қатора ё автомобил ғайримақсаднок мебошад, бинобарин истифодабарии киштии ҳавоӣ боқӣ мемонад.

Ва ин қарори дуруст аст! Парвоз тариқи ҳавопаймо ҷиддан бехатар буда, дар он қариб бардорузан намешавад ва амволро чунин бастабанд мекунанд, ки он ҳатто зимни турбулентнокии вазнин осеб намебинад. Асосаш: чунин рейс соатҳои башуморро талаб мекунад, бинобарин барои ғизо вайрон шудан ва гулҳо паҷмурда гаштан вақт намерасад.

Агар ба шумо бо тезӣ кашондани борҳо дар дохили Қирғизистон ё берун аз он зарур аст, ба ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) муроҷиат кунед. Мо ҳавопаймои шакли заруриро ба шумо пешниҳод менамоем ва таҳвили «то ба калид»-ро ташкил мекунем.

Бо кадом борҳо мо сарукор дорем

Барои таҳвил мо ҳар кадом амволеро, ғайр аз манъкардаи қонун, масъалан, яроқу аслиҳа, маҳсулоти порнографӣ, маводи мухаддир ва ғ., қабул мекунем. Вобаста ба амонати оддатӣ, мо киштиро барои ҳар мақсадҳо бо хурсандӣ пешниҳод мекунем.

Бисёри вақт, мизоҷони мо ҳавопайморо барои таҳвили борҳои зерин фармоиш медиҳанд:

 

– қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо, яхтаҳо ва дигар воситаҳои нақлиётӣ,

– дастгоҳҳои техникии ҳар таъинот,

– маҳсулоти озуқа,

– ҳайвонот ва растаниҳо,

– доруворӣ ва дигар воситаҳои манънашудаи ёрии тиббӣ,

– ҳуҷҷатҳои муҳим, қоғазҳои арзишнок,

– лавозимоти варзишӣ, асбобҳои мусиқӣ,

– лавҳаҳо ва лавозимоти намоишгоҳҳо,

Читайте также:  Airbus A319

– ороишҳои театр,

– масолеҳи сохтмонӣ ва пардоз,

– молҳои ҳар дараҷа,

– мебели васлшаванда,

– расмҳо, ҳайкалҳо ва дигар асарҳои  санъат,

– кимиёи маишӣ,

– компютерҳо, асбобҳои маишӣ ва

– амволи бисёри дигар.

 

Ташкили таҳвили «аз дар то ба дар»

AVIAV TM (Cofrance SARL) бо шахсони ҳам инфиродӣ ва ҳам ҳуқуқӣ ҳамкорӣ мекунад. Мо омодаем, ки таҳвили «то ба калид»-ро ташкил кунем, яъне:

  • борҳоро қабул мекунем,
  • ҳамаи ҳуҷҷатҳои ҳатмиро тартиб медиҳем,
  • тибқи хоҳишҳои мизоҷ суғуртаи амволро тартиб медиҳем,
  • дар вуҷуди зарурият онҳоро ба қисмҳо тақсим ва бастабанд мекунем,
  • эҳтиёткорона то ба фурудгоҳ бурда мерасонем,
  • ҳавопаймои шакли заруриро пешниҳод,
  • аз болои боркунии эҳтиёткорона назорат мекунем,
  • дар киштӣ шароитҳои маҳз барои чунин навъи амонатҳо зарурбударо бунёд месозем (ҳарорат, намнокӣ, равшанӣ, фишорнокӣ),
  • амонатро дар нуқтаи омад пешвоз мекунем,
  • то ба дари қабулкунанда бурда мерасонем (дар вуҷуди зарурият барои нигоҳдорӣ ва худбарориш амборро пешниҳод мекунем),
  • амволро аз бастабанд кушода, васл менамоем.

Ҳамин тавр, мо ҳамаи масъалаҳои таҳвилро бар зиммаи худ мегирем ва шумо аз чизе хавотир намешавед. Мо омода ҳастем, ки ҳавопайморо ҳам барои таҳвили якдаъфагӣ ва ҳам барои ҳамкории мунтазам, масъалан, барои кашондани молҳои кутара, пешниҳод намоем.

 

Кашондани ҳайвонот

Ҳарзамон ҳавопаймоҳоро барои кашондани ҳайвоноти зинда, зимнан на танҳо гурбаю саг, балки чорвои калон, масъалан, гӯсфанд, буз, гов фармоиш медиҳанд. Чунин хизматрасонӣ дар Қирғизистон талаботи воқеъиро дорад. Мо рафиқони чорпояи ҳар андоза, навъу зотро ба киштӣ қабул карда, барои таҳвили онҳо шароти заруриро фароҳам медиҳем. Дар вуҷуди зарурият мо омода ҳастем, ки ҳамроҳии мутахассисро, масъалан – байтордоя, байтор, ромкунанда – барои ҳайвоноти ёбоӣ, низ пешниҳод кунем, то ин ки дастпарвари шумо худро бафорам ҳис кунад.

Читайте также:  {:ru}Купить дешевые авиабилеты в Киргизию{:}{:tj}Харидани чиптаҳои ҳавопаймоии арзон ба Қирғизистон{:}{:ua}Купити дешеві авіаквитки в Киргизію{:}{:ge}იაფი ავიაბილეთების შეძენა ყირგიზეთში {:}

Вале, фаромӯш набояд кард, ки барои ҳар як ҷонвар ҳуҷҷати махсусро тартиб медиҳанд, ваксинакунонии заруриро ба амал мерасонанд. Зимни таҳвили берунмарзӣ ба онҳо шиносномаҳои байторӣ заруранд. Ҳуқуқшиносони ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) ба тартиб даровардани ҳамаи ин ҳуҷҷатҳоро кӯмак мерасонанд ва, ба қадри имкон, ҳатто проседураи гирифтани онҳоро ба ӯҳда мегиранд.

 

Ҳуҷҷатҳои ҳамроҳ фиристодашаванда зимни кашондани борҳо

Ҳар кадом таҳвили боркаш ҳуҷҷатҳои махсусро талаб мекунад. Таваҷҷӯҳи ҷиддиро он вақт зоҳир намудан зарур аст, ки сухан дар бораи таҳвили амволи арзишнок, асарҳои санъат, маснуоти ҷавоҳирот ва ғ. меравад.

Пеш аз ҳама, бояд санҷида шавад, ки таҳвили онҳо умуман аз ҷониби қонун манъ карда нашудааст. Баъд, ҳуҷҷатҳои махсус ва, дар баъзе ҳолатҳо – экпертиза, масъалан барои тасдиқи он, ки расми содиротшудаистода арзиши таърихиро надорад, лозим мешаванд.

Ҳамаи ин ташвишҳоро ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) ба ӯҳдаи хеш мегирад. Мо кӯмак мерасонем, ки аз пеши пояҳои зарурӣ гузашта, тамоми шаҳодатномаҳо, қоғазҳо ва мӯҳрҳо гирифта шаванд. Ҳуқуқшиносони таҷрибадори мо чунин вазифаҳоро ба осонӣ иҷро мекунанд. Вале, огоҳ мекунем, ки агар содироти амвол объективона манъ карда шудааст, таҳвили он ҷиддан ғайриимкон мебошад, зеро қонунҳоро бояд риоя кард.

 

Суғуртаи амонатҳо

Ҳамчунин бисёр вақтҳо мизоҷон хоҳиш доранд, ки борҳои махсусан қимат, масъалан аз нуқсоншавӣ, дуздӣ, нобудшавии кулл ва дигар хатарҳои монандидошта суғурта карда шаванд. Новобаста аз он, ки эҳтимолияти чунин ҳодисаҳо ночиз мебошад, мутахассисони AVIAV TM (Cofrance SARL)-и мо омодаанд, ки шартномаи марбутаро баста, ширкати боэътимоди суғуртавиро тавсия диҳанд, ки кафолатан зарари эҳтимолии шуморо подош менамояд. Муддати таҷрибаи даҳсолаи мо, ҳатто як ҳодисаи ҷиддӣ ба назар нарасида бошад ҳам,  мо доимо тибқи азми мизоҷ амал мекунем, зеро хоҳиши ӯро доир ба «хотирҷамъона» зиндагӣ кардан хеле хуб эҳсос менамоем.

Читайте также:  Маршруты полетов

 

Таҳвили борҳоро чӣ тавр фармоиш хоҳад дод

Ҷиҳати фармоиш додани таҳвили боркаш, ба шумо зарур нест, ки ба офиси мо ҳозир шавед. Мо шартномаро ба таври масофавӣ, бо истифодаи имзои электронӣ, тартиб медиҳем, ва маблағро ба таври ғайринақдӣ қабул мекунем. Албатта, дар вуҷуди хоҳиш, шумо ҳамавақт барои як нимкосаи қаҳва ва шиносшавии наздик ба назди мо ҳозир шуда метавонед. Вале, аз лиҳози он, ки мо парвозҳоро дар миқёси тамоми ҷаҳон пешниҳод менамоем, аллакай одат кардаем, ки мизоҷонамонро танҳо аз аксҳои шиносномаҳояшон назар мекунему халос…

Дар вуҷуди хоҳиш дархостро бевосита дар сомонаи мо бимонед. Инро бояд нишон диҳед:

– хатсайр,

– санаи таҳвил,

– намуди борҳо,

– вазни тахминӣ ва андозаи онҳо,

– хизматрасониҳои хоҳишнамудаатон.

Менеҷери мо дархостро фавран баррасӣ намуда, барои тасдиқ ва аниқ кардани ҳамаи нюансҳои таҳвили авиатсионӣ бо шумо тамос мекунад.

Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) дар Қирғизистон таҳвили ҳар амонатро «то ба калид» барои шумо ташкил мекунад. Дар ҳар вақт муроҷиат кунед: ҳавопаймоҳои боркаши мо доимо дар хизмати шумо!

admin

Comments are closed.
Яндекс.Метрика Top.Mail.Ru