Харидани чиптаҳои ҳавопаймоии арзон ба Қирғизистон

Харидани чиптаҳои ҳавопаймоии арзон ба Қирғизистон

Агар шумо ҷиҳати ба иҷора гирифтани ҳавопаймои хусусӣ дар ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) ҳоло омода набошед, пас дар сомонаи мазкур чиптаҳои ҳавопаймоиро барои рейсҳои одатӣ ба Қирғизистон фармоиш дода харида метавонед. Сервиси ҷустуҷӯ ва бронкунӣ ба таври ройгон пешкаш гардида, фақат барои бароҳатии шумо барпо карда шудааст.

Истифода бурдани сервис хеле осон мебошад. Кифоя аст, ки ҳошияҳои зерини нишондодашударо пур кунед:

— нуқтаҳои парвоз ва муқарраршуда,

— шумораи мусофирон,

— санаҳои саёҳат ба ҳарду тараф ё ин ки ба як тараф.

Агар шумо тавассути дараҷаи тиҷоратӣ саёҳат карданро хоҳиш дошта бошед, инро низ қайд кардан зарур аст. Сомона муддати чанд сония пешниҳодҳои актуалиро таҳлил намуда, натиҷаҳои ҷустуҷӯро пешкаш мекунад.

Масъалан, ба шумо чиптаҳои ҳавопаймоии Красноярск – Қирғизистон зарур мебошанд. Шумо шаҳри зарурӣ, мисол, Бишкекро интихоб мекунед ва санаро нишон медиҳед. Дар натиҷаи ҷустуҷӯ сатрҳои аввалро рейсҳои аз ҳама қулай ва арзон ишғол менамоянд – дар ҳолати мазкур аз ширкати «Авиа Трафик», пас аз онҳо парвозҳо бо бурофуро аз «Нордстар» ва «Уральские авиалинии» ва ҳ. бармеоянд.

 

Кадом ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба Қирғизистон парвоз мекунанд

Пас даровардани маълумотҳои мусофирон ва пардохтани чиптаҳои ҳавопаймоӣ боқӣ мемонанд. Қирғизистон – самти на онқадар машҳури парвозҳо аз Россия мебошад, вале ба ин ҷо ширкатҳои ҳавопаймоии зерин рейсҳои мунтазамӣ ва чартериро пешниҳод мекунанд:

— Air Manas — интиқолдиҳандаи ҳавопаймоии буҷетии Қирғизистон,

— Avia Traffic Company –  ширкати ҳавопаймоии номдори миллӣ,

— «Аэрофлот»,

—S7 Airlines-и машҳур,

— Pegasus Asia ва

— «Уральские авиалинии».

Ҳамчунин зимни парвоз бо бурофуроӣ ё бидуни он аз Россия ба Қирғизистон тавассути парраҳои чунин интиқолдиҳандагони ҳавопаймоии маъруф ба мисли Turkish Airlines, Air Astana, China Southern, Uzbekistan Airways, Pegasus Airlines, Emirates, flydubai сафар кардан қулай аст. Агар шумо хоҳиш дошта бошед, ки аз хизматрасонии ширкати ҳавопаймоии дақиқ истифода баред, пас дар портал филтҳоро ба кор дароварда, маҳз онро интихоб карда метавонед.

Читайте также:  Airbus A319

Натиҷаҳои ҷустуҷӯ

Портали мазкури ҷустуҷӯ ва фармоиши рейсҳои ҳавопаймоӣ аз он ҷиҳат қулай мебошад, ки дар ин ҷо чиптаҳои ҳавопаймоии аз ҳама арзонро ба Қирғизистон харидан мумкин. Онҳо сатри болоиро ишғол мекунанд, ғайр аз ин, рейсҳо бо нархи арзон ба таври автоматикӣ ба категорияи алоҳида бароварда мешаванд. Аммо бо диққат бошед: баъзан сервис, махсусан дар сурати хатсайрҳои дарозмасофат ва нодир, парвозҳои бурофуродорро пешниҳод мекунанд.

Агар шумо аниқ хоҳиши парвози бе бурофуро дошта бошед, кифоя аст, ки опсияи «фақат рейсҳои бевосита»-ро интихоб кунед ва система ҳамаи нодаркорро хориҷ мекунад. Нархҳои чиптаҳои ҳавопаймоӣ ба Қирғизистон тибқи афзоишавиашон ҷобаҷо гузошта мешаванд. Ғайр аз ин, дар натиҷаҳои ҷустуҷӯ шумо якбора зеринро дида метавонед:

— фурудгоҳҳои парвозу омад,

— вақти оғозу марра,

— муддати парвоз,

— кадом ширкатҳои ҳавопаймоӣ рейсҳои дутарафаро (яъне, ба он ҷо ва ба ин ҷо) иҷро мекунанд,

— вазни рухсатдодашудаи бори дастӣ,

— вазни рухсатдодашудаи бағоҷ,

— миқдори пардохти иловагӣ барои бағоҷ, агар чунин пешбинӣ шуда бошад,

— муддати таваққуф дар фурудгоҳи мобайнӣ (агар шумо бо бурофуро саёҳат карда бошед).

Интихоб кардани чиптаҳои ҳавопаймоии арзон ба Қирғизистон ва якбора харидани онҳо боқӣ мемонанд. Бо ин мақсад тугмачаи пешниҳоди маъқулшударо пахш намоед. Шумо дар бораи рейси мазкур маълумоти зиёдтарро мебинед: шартҳои баргардонӣ ва ивазкунии чиптаҳо, вуҷуди бақайдгирии электронӣ, талаботҳои индивидуалии ширкатҳои ҳавопаймоӣ. Агар варианти мазкур ба шумо муносиб бошад, барасмиятдарориро давом диҳед.

 

Брон кардан ва пардохтани рейс

Барои марҳалаи навбатӣ ба шумо маълумоти шиносномавии мусофирон зарур мешавад. Дар он лаҳзае, ки шумо даровардани онҳоро оғоз мекунед, система рейсро аллакай аз чашми дигар истифодабарандагон пинҳон мекунад, то ки касе дар як вақт бо шумо чиптаҳои ҳавопаймоиро харида натавонад. Аз ин лиҳоз, ба ягон ҷо саросема шудан лозим нест: бо диққат бошед, то ки хато накунед.

Читайте также:  {:ru}Сколько стоит аренда частного самолета{:}{:fr}Combien coûte la location d’un avion privé{:}{:it}Quanto costa noleggiare un aereo privato{:}{:tj}Иҷораи ҳавопаймои шахсӣ чӣ арзиш дорад{:}{:kg}Жеке учакты ижарага алуу канча турат{:}{:by}Колькі каштуе арэнда прыватнага самалёта{:}{:kz}Жеке ұшақты жалға алу құны қандай{:}{:pl}Ile kosztuje wynajem prywatnego samolotu{:}{:ar}كم هي تكلفة استئجار طائرة خاصة{:}{:uz}Xususiy samolyot ijarasi qancha turadi{:}

 

 

Пас аз ворид кардани маълумот, онро бо диққат санҷида бароед. Баъдан хатогиҳоро ислоҳ кардан душвор аст: маҷбур мешавед, ки ба ширкати ҳавопаймоӣ занг бизанед ва масъалаи мазкурро бо онҳо ҳалу фасл намоед. Агар ҳамаш дуруст бошад, ба пардохтани рейс шурӯъ кунед. Авиатсияи Қирғизистон барои парвозҳо нархҳои бомантиқро пешкаш менамоянд.

Пардохт аз корти бонкӣ амалӣ карда мешавад. Ин тарзи муосири бехатар ва, асосаш – аз ҳама тезтарин маҳсуб меёбад. Система ба таври муфассал худаш ба шумо маслиҳат медиҳад, ки сервиси мазкурро чӣ тавр истифода бояд кард. Амали мазкур на зиёда аз як дақиқаро талаб мекунад.

Авиатсияи граждании Қирғизистон ба мисли нақлиёти мусофиркаши ҳавопаймоии тамоми ҷаҳон фаъолият мекунад, аз ин лиҳоз пас аз пардохт ба почтаи электронии шумо якбора расиди хатсайрӣ ворид мешавад. Бештар аст, ки онро чоп карда бароред, зеро дар он маълумоти аҳамиятдошта: рақами рейс, навъи ҳавопаймо, вақти парвоз ва хотимаи бақайдгирӣ оварда мешавад. Дар вуҷуди хоҳиш ба сомона баргардед ва барои санаҳои зарурӣ ӯтоқҳоро дар меҳмонхонаҳо брон кунед: чунин хизматрасонӣ дар он ҷо низ мавҷуд аст. Акнун метавонед ба сафар бароед!

Агар зимни бронкунӣ ягон савол пайдо карда бошед, тавассути хати алоқаи таъҷилии AVIAV TM (Cofrance SARL) бо мо тамос кунед. Новобаста аз он, ки шумо чиптаҳои ҳавопаймоии арзонро аз Қирғизистон ба Москва ё ин ки ҳавопаймои хусусиро аз Нитса ба Берлин ҷустуҷӯ доред, мо бо хушнудӣ ба шумо кӯмак мерасонем!

 

admin

Comments are closed.
Яндекс.Метрика Top.Mail.Ru