Лоукостерҳо: афзалиятҳо ва камбудиҳо

Лоукостерҳо: афзалиятҳо ва камбудиҳо

Ба касоне, ки чиптаҳои ҳавопаймоие аз ҳама арзонро ба Қирғизистон ҷустуҷӯ дорад, тавсия медиҳем, ки ба хизмати лоукостерҳо муроҷиат кунанд. Ин ширкатҳои ҳавопаймоии буҷетие мебошанд, ки нисбат ба интиқолкунандагони ҳавопаймоии одатӣ, нархҳои хеле паст кардашударо пешниҳод мекунанд.

Чунин рейсро дар сомонаи мо низ пайдо карда метавонед. Кифоя аст, ки ба сатри ҷустуҷӯи чиптаҳо нуқтаҳои парвозу муқарраршуда, сана ва шумораи сайёҳонро дароред. Система пас аз чанд сония натиҷаро манзури шумо пешкаш менамояд, дар зимни ин пешниҳодҳои лоукостерҳо ба таври автоматикӣ дар сатрҳои болоӣ пайдо мегарданд. Пас муқоиса кардани нархҳо ва шартҳо, ҳамчунин интихоби варианти оптималӣ боқӣ мемонад. Портал имконият медиҳад, ки рейсро якбора пардохт кунед ва расиди хатсайриро ба даст гиред.

Дар Қирғизистон ду интиқолкунандаи ҳавопаймоии буҷетӣ кору фаъолият дорад: ин ширкатҳои Air Manas  ва Avia Traffic Company мебошанд, ки ҳардуяшон дар фурудгоҳи Бишкек мавқеъ гирифтаанд. «Авиа трэфик компани» чиптаҳои ҳавопаймоии арзонро ба Қирғизистон аз Москва пешкаш мекунад, онҳоро, ҳамчунин, ба осонӣ дар портали мазкур брон карда, харидан мумкин. Филтрҳои қулай ҷиҳати мустақилона интихоб намудани интиқолкунанда мусоидат мекунад.

 

Инчунин, рейсҳои бевоситаро бо нархҳои қабулшаванда аз Россия ширкатҳои «Аэрофлот» ва «Уральские авиалинии» пешниҳод мекунанд. Инҳо лоукостер нестанд, аммо дар ширкатҳои мазкур харидани чипта бо тахфифҳо басанда имконпазир мебошад.

 

Афзалиятҳои хатсайрҳои ҳавопаймоии буҷетӣ

Акнун афзалиятҳою камбудиҳои лоукостерҳоро дида мебароем. Аз тарафи хуб оғоз мекунем. Афзалияти асосии хатсайрҳои ҳавопаймоии буҷетӣ аз он иборат аст, ки онҳо дар ҳақиқат рейсҳоро бо нархҳои арзон мефурӯшанд, баъзан чиптаҳои ҳавопаймоӣ ба Қирғизистон ё дар ҳар як самти дигар, ҳатто, аз чиптаи купеи қатора ҳам арзонтар мебошанд. Пас, агар муддати ду-се соат парвоз карда расидан мумкин бошад, барои роҳ як шабонарӯзро сарф кардан чӣ лозим?

Боз як тарафи мусбии фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоии буҷетӣ аз он иборат мебошад, ки онҳо фақат ҳавопаймоҳои навро (аз панҷ сол калон не) истифода мебаранд. Сабабаш чӣ бошад? Гап дар он аст, ки хизматрасонии навъҳои «ҷавон» арзонтар мебошад ва бисёр корҳои таъмирӣ ва санҷиши техникии онҳо бо кафолати истеҳсолкунанда иҷро карда мешаванд.

Читайте также:  {:ru}Чартеры: что нужно знать{:}{:fr}Charters : ce qu’il faut savoir{:}{:it}Charter: cosa c'è da sapere{:}{:tj}Чартерҳо: чиро донистан зарур{:}{:kg}Чартерлер: эмнени билүү керек{:}{:by}Чартары: што трэба ведаць{:}{:kz}Чартерлер: нені білу қажет{:}{:pl}Czartery: co należy wiedzieć{:}{:ar}الطائرات المستأجرة"تشارتر": ما تحتاج إلى معرفته{:}{:uz}Charterlar: bilish kerak bo’lgan ma’lumotlar{:}

Пас аз хизмати панҷсола онҳоро ба интиқолдиҳандагони ҳавопаймоии одатӣ мефурӯшанд. Ҳавопаймоҳои ҷавон аз ҳама боэътимод маҳсуб меёбанд, онҳо системаҳои муосири идоракуниро доранд ва тибқи талаботи замон таҷҳизотонида шудаанд, тавассути киштиҳои мазкур саёҳат кардан бехатару форам мебошад.

Нархҳои пасти чиптаҳои ҳавопаймоӣ ба Қирғизистон ҳатто шахсони давлатмандро ҷалб мекунанд. Бисёриҳо зимни саёҳат сарфа карданро авлотар мешуморанд, то ки барои харидҳою вақтхушиҳо зимни парвоз ба Россия, Туркия, кишварҳои Аврупо, осоишгоҳҳои машҳури Осиё маблағи зиёдтар эҳтиёт карда шавад. Бинобар ин, аз хизматрасониҳои лоукостерҳо истифода бурда, шумо обрӯю эътибори шахси бомуваффақиятро дар пеши назари наздикон паст намезанед. Ҳамсояҳои безоркунанда бошанд, ҳатто дар дараҷаи тиҷоратӣ ҳам рӯбарӯ шуда метавонанд – аз чунин ҳолат касе эмин карда нашудааст.

Лоукостерҳо боз як афзалияти стандартиро доранд: чиптаҳои ҳавопаймоии арзонро ба Қирғизистон пешакӣ харидан мумкин. Баъзеҳо ақида мекунанд, ки нархҳои арзон бо он далел вобаста мебошад, ки рейсро, гӯё, саривақт фурӯхта натавонистаанд. Аммо, чунин ҳолат фақат ба ширкатҳои одатӣ ва «пешниҳодҳои гармуҷӯшони» онҳо тааллуқ дорад. Хатсайрҳои ҳавопаймоии буҷетӣ фурӯши чиптаҳоро чанд моҳ пеш оғоз мекунанд ва нархҳоро то ба худи рейс паст намекунанд ва баъзан, ҳатто, бевосита пеш аз парвоз (вақте, ки талабот афзоиш меёбад) онро баръакс каме баланд мебардоранд.

 

Камбудиҳои лоукостерҳо

Дар баробари афзалиятҳо лоукостерҳо камбудиҳои хешро низ доранд. Албатта, аҷиб мешуд агар чиптаҳои ҳавопаймоии аз ҳама арзони ба Қирғизистон бо шартҳои монанди интиқолдиҳандагони ҳавопаймоии одатӣ фурӯхта мешуданд.

Принсипи асосии ҳамаи хатсайрҳои ҳавопаймоии буҷетӣ: «шумо ҷиддан фақат барои парвоз пардохт мекунед», зимнан чунин қоида на танҳо дар Қирғизистон, балки дар тамоми ҷаҳон татбиқ карда мешавад. Ҳама лавозиматҳо ба таври алоҳида пардохт мегарданд.

Читайте также:  Как же забронировать билет на самолет в Интернете?

Пеш аз ҳама, боиси қайд аст, ки ҳар як лоукостер маҳдудиятҳои хешро дорад, ки бо онҳо дар сомонаи ширкати ҳавопаймоии муайян шинос шудан мумкин. Агар шумо рейсро дар портали мазкур брон кунед, пас қоидаҳоро барои мусофирон аллакай то ба пардохтани чипта хонда метавонед.

Маҳдудияти аз ҳама машҳуртарин ба бағоҷ тааллуқ дорад. Аксарият хатсайрҳои ҳавопаймоии буҷетӣ вазни ҷомадонҳою бордастҳоро қатъиян назорат мекунанд. Аз қафои ҳар як килограмми зиёдатӣ пардохти бариловаи калон бармеояд.

Варианти аз ҳама ҷиддӣ – вақте, ки бағоҷи ройгон умуман иҷозат дода намешавад ва вазни бордаст набояд аз 3 кг зиёд бошад. Вале аксаран лоукостерҳо иҷозат медиҳанд, ки аз 5 то 10 кг бағоҷ супорида шавад. Авиатсияи буҷетии Қирғизистон чунин қоидаҳоро риоя мекунад.

Мақсади лоукостер – доир ба нархи рейс сарфакорӣ кардан, то ки арзиши пасти чиптаҳо подош карда шавад. Ба ин мақсад тариқи маҳдудиятҳои гуногун ноил мегарданд. Дар рейсҳои буҷетӣ қариб ҳама вақт хӯрок вуҷуд надорад, аз нӯшокиҳо фақат обро пешкаш мекунанд, он ҳам баъд аз илтимос. Дар вуҷуди хоҳиш шумо ланчи стандартиро, вале бо нархи хӯроки боҳашамат дар тарабхона, фармоиш дода метавонед. Дар зимни ин ба даруни канор бо худ гирифтани хӯрок, ба истиснои ғизои кӯдакона (бо мувофиқаткунии пешакӣ), қатъиян манъ карда мешавад. Дар сурати рейсҳои кӯтоҳмуддат ин қоида ночиз мебошад, вале зимни парвози дурудароз гуруснагӣ шуморо нороҳат карда метавонад.

Боз як роҳи корчаллонии сарфакунӣ – ин бо мусофирони зиёд то ба ҳолати ниҳоӣ «зер» кардани ҳавопаймо. Дар киштиҳои ҳавопаймоии лоукостерҳо, бархилофи канорҳои киштиҳои ширкатҳои ҳавопаймоии одатӣ, қаторҳои курсиҳо ба як дигар наздиктар васл карда шудаанд. Ҳамин тавр, шумораи бисёртари мусофирон ғунҷонида мешавад ва аз ин сабаб интиқолдиҳандагони буҷетӣ вазни бағоҷро қатъиян маҳдуд мекунанд, то ки массаи ниҳоии парвозкунӣ зиёд карда нашавад. Дар натиҷа, ба назар мерасад, ки авиатсияи граждании Қирғизистон аз ҳисоби парвозҳои арзон на чизеро бой медиҳад, на чизеро мебурад, зеро онҳо амалан бо нархи стандартӣ иҷро карда мешаванд.

Читайте также:  Airbus A319

Боз аз чӣ мусофиронро маҳрум сохта, аз ин сарфа кардан мумкин? Аз вақтхушиҳо! Дар рейсҳои лоукостерҳо шумо ройгон филмро тамошо ё мусиқиро гӯш карда наметавонед. Дар замони муосир ҳамаи заруриро пешакӣ сабт карда, аз ҳолати мазкур ба осонӣ баромадан мумкин, вале дар канор вуҷуд надоштани маҷаллаҳои одатӣ шуморо якбора ба зиқӣ дароварда метавонад. Интиқолкунандагони аз ҳама сахтгир, ҳатто, барои истифода бурдани дастгоҳҳои электронии шахсӣ маблағ мегиранд, аммо ба лоукостерҳои Қирғизистон ин омил дахл надоранд.

Боз як ҳилаи лоукостерҳо – ин бақайдгирии гӯё «ғайримуташаккил» мебошад. Барои ҷои «дар пеш», «дар назди ойна» ва дигар вариантҳои фоиданок ҳатман пардохт кардан зарур. Ҳамчунин, бисёри вақт ҳамту барои ҷои нишаст дар назди аъзоёни оилаатон аз шумо маблағ руёнида мешавад. Вале агар сарфа карданро хоҳиш дошта бошед, дар қисмҳои гуногуни канор парвоз мекунед.

Инҳо камбудиҳои аз ҳама маъмули лоукостерҳо буданд. Ширкатҳои ҳавопаймоии буҷетӣ ба онҳое, ки бе бори вазнин, ба масофати хурд парвоз мекунанд ва аз болои бебароҳатӣ шикоят карданро одат накардаанд, варианти олиҷаноб муносиб мебошад. Зимни парвоз сарфа кардан – қарори беҳтарин аст! Чиптаҳои ҳавопаймоии аз ҳама арзонро ба Қирғизистон дар сомонаи мо худи ҳозир фармоиш диҳед!

 

admin

Comments are closed.
Яндекс.Метрика Top.Mail.Ru