Авиатсияи тиббӣ дар Қирғизистон

Авиатсияи тиббӣ дар Қирғизистон

Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) хизматрасониҳои авиатсияи тиббиро дар Қирғизистон бо хурсандӣ пешниҳод мекунад. Бисёри вақт бемори вазнинро ба нуқтаи муолиҷаи дурбуда таъҷилан бурдан зарур аст. Сафари хастакунандаро тариқи қатора ё автомобил ӯ амалан бардошта наметавонад, дар ҳавопаймои одатӣ ӯ худро нофорам эҳсос мекунад, ва зимнан ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз чунин мусофир умуман даст мекашанд.

Дар чунин ҳолат авиатсияи тиҷоратӣ кӯмак мерасонад. Яъне, ба бемор ҳавопаймои шахсиро пешниҳод мекунанд, ки дар канори он палатаи тиббии воқеъӣ ё ҳатто реаниматсия вуҷуд доранд. Дар вуҷуди зарурият ӯ беҳаракатона хобонда шуда, бо тамоми доруворию таҷҳизотҳои зарурӣ таъмин шуда метавонад. Ғайр аз он, чунин рейсҳоро духтури зарурӣ, масъалан реаниматолог ё кардиолог ва, ҳамчунин, санитар ва ҳамшираи тиббӣ доимо ҳамроҳӣ менамоянд.

То ба ҳавопаймо беморро автомобили махсуси тиббӣ мебарад, ки онро ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) низ ташкил мекунад. Мо омодаем, ки рейсро дар дохили Қирғизистон ва, ҳамчунин – ба ҳар гӯшаю канори ҷаҳон пешниҳод намоем, дар вуҷуди зарурият кӯмак мерасонем, ки бо клиникаи боэътимоди аврупоӣ шартнома баста шавад ва саёҳатро «то ба калид» ташкил карда, ҳамаи ҳуҷҷатҳо, раводиду суғуртаро ҳам барои худи бемор ва ҳам барои шахси ҳамроҳикунанда тартиб медиҳем.

 

Дар кадом ҳолатҳо ҳавопаймоҳои санитарӣ зарур мешаванд

Хизматрасониҳои авиатсияи тиббӣ ва ҳавопаймоҳои махсус дар вуҷуди баъзе ҳолатҳои дигар низ зарур мешаванд. Аз ҳама бисёр онҳо барои кашондани беморҳои бистарӣ истифода шуда, ҳарзамон барои маъюбон, шахсони кӯҳансоле, ки ба осоишгоҳҳои барқароркунанда сафар доранд, барои занҳои ҳомиладор ва модарони тифлакҳои навзод низ фармоиш дода мешаванд.

Баъзан, ҳодисаи бедаво рӯй медиҳад ва аллакай одам не, балки ҷасадашро ба ҷои бахоксупорӣ ба дигар шаҳр ё ҳатто мамлакат бурдан лозим мешавад. Чунин таҳвилҳоро ширкатҳои одатии ҳавопаймоӣ иҷро намекунанд, бинобарин дар чунин ҳолат ҳавопаймои махсус низ зарур мебошад. Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) рейси мазкурро ташкил мекунад ва хешовандони мутаваффо ягон ташвише намекашанд: онҳо одами наздикашонро бо иззату ҳурмат ба роҳи охирин гусел карда метавонанд.

Читайте также:  {:ru}Чартеры: что нужно знать{:}{:fr}Charters : ce qu’il faut savoir{:}{:it}Charter: cosa c'è da sapere{:}{:tj}Чартерҳо: чиро донистан зарур{:}{:kg}Чартерлер: эмнени билүү керек{:}{:by}Чартары: што трэба ведаць{:}{:kz}Чартерлер: нені білу қажет{:}{:pl}Czartery: co należy wiedzieć{:}{:ar}الطائرات المستأجرة"تشارتر": ما تحتاج إلى معرفته{:}{:uz}Charterlar: bilish kerak bo’lgan ma’lumotlar{:}

 

Чархболҳои тиббӣ

Дар Қирғизистони кӯҳистонӣ чархболҳои тиббӣ талаботи хеле зиёдро доранд. Онҳо на танҳо ҷиҳати таҳвили таъҷилии беморон, балки барои эвакуатсияи ҷабрдидагон аз минтақаи офату садамавӣ, гузаронидани амалиётҳои наҷотдиҳӣ ва дигар мақсадҳои монандбуда истифода карда мешаванд.

Бархилофи ҳавопаймо ба чархбол барои парвоз кардану ба замин фаромадан як майдончаи хурд кифоя аст. Маҳз аз лиҳоз он ба ҷойҳои душворфатҳ ворид шуда, кӯмаки заруриро расонида метавонад. Дар ҷодаи таҷҳизотҳо бошад, дар ин ҷо ҳамааш: кати касалхона, доруворӣ ва дастгоҳ барои таъминкунии фаъолияти ҳаётии бемор ба канори ҳавопаймои тиббӣ монандӣ дорад

 

Чӣ тавр рейси тиббиро дар Қирғизистон фавран фармоиш хоҳад дод

Барои фармоиш додани ҳавопаймо дар ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) гузоштани дархост дар сомонаи мо ё бо менеҷер тамос кардан кофӣ мебошад. Дар бораи нуқтаҳои парвозу таъиншуда, вақти рейс, ҳолати бемор ё беморонро маълумот диҳед. Духтури мутахассиси ҳамроҳикунандаро нишон диҳед, агар якҷоя бо бемор боз касе парвоз карданист, маълумот пешниҳод кунед.

Мо хеле фавран амал мекунем: баъзан, барои рейси мураккаби ғайристандартиро ба пуррагӣ ташкил кардан танҳо чанд соатҳо заруранд. Дар ин вақт шумо танҳо беморро ба сафар омода карда метавонеду халос. Вале чунин шитобӣ – тариқаи ниҳоӣ буда, танҳо дар ҳолати фавқулодда равост. Бештар аст, фармоиш пешакӣ дода шавад: чанд рӯз ё ҳатто ҳафтаҳо пеш, то ин ки мо ҳама лавозимотҳоро барои таҳвили бароҳаттарини бемор омода созем.

 

Интихоби оддию бехатар

Ҳатто саёҳати аз ҳама бароҳат барои бемори вазнин нисбатан хатарнок мебошад. Ҳавопаймои махсус – ин тариқаи босуръату муфид мебошад. Таҷҳизоти муосири навигатсионӣ фаромадани ҳавопаймо ба минтақаи турбулентӣ ва ҷунбоишро пешгирӣ менамояд, ва сарнишинони таҷрибадор киштии ҳавоиро хеле эҳтиёткорона меронанд, зеро медонанд, ки аҳволи бемор дар киштӣ вазнин аст.

Читайте также:  {:ru}Лоукостеры: преимущества и недостатки{:}{:tj}Лоукостерҳо: афзалиятҳо ва камбудиҳо{:}{:ua}Лоукостери: переваги і недоліки{:}{:ge}ლოუკოსტერები: უპირატესობანი და მინუსები{:}

Некро бояд орзу кард ва дар вуҷуди умеди ҳаёту саломатӣ, чунин фурсатро то ба охир истифода кардан лозим. Ҳамрохикунандагон аз AVIAV TM (Cofrance SARL): духтурон, санитарон, ҳамширони тиббӣ, ронандагон, экипаж – на танҳо кӯмак мерасонанд, балки мусоидат мекунанд, ки бемор худро дилпурона эҳсос намояд, аз натиҷаи мусбии муолиҷаи дарпешистода умед кунад ва зимни парвоз хавотир нашавад.

Инак, агар ба шумо ҳавопаймои тиббӣ дар дохили Қирғизистон ё ба беруни марзи он зарураст, ба ширкати мо муроҷиат кунед. Вобаста аз диагнози ва ҳолати бемор, мо ба шумо тариқаи беҳтарини киштии ҳавоиро пешниҳод мекунем ва мутахассисони заруриро тавсия медиҳем. Агар шумо хоҳиш дошта бошед, ки якҷоя бо духтури шахсӣ саёҳат кунед, мо бо тезӣ барои ӯ ҳуҷҷатҳои заруриро тартиб медиҳем. Ҳамчунин, AVIAV TM (Cofrance SARL) нисбати шахси ҳамрохикунанда низ ғамхорӣ мекунад: барои ӯ меҳмонхонаро брон мекунад, баҳри бароҳатиаш корбарии ҷиддӣ мекунем.

Дар ҳолати фавқулодда, бештар аст ба хати таъҷилии мо занг занед, то ки фавран амал карда шавад. Ҳавопаймоҳо ва чархболҳои тиббӣ аз AVIAV TM (Cofrance SARL) – доимо дар хизмати шумо!

 

admin

Comments are closed.
Яндекс.Метрика Top.Mail.Ru