Иҷораи ҳавопаймои шахсӣ чӣ арзиш дорад

Агар шумо хоҳиш дошта бошед, ки дар ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) ҳавопаймои шахсиро фармоиш диҳед, яке аз саволҳои аввалинаатон бешубҳа ба нархи чунин чартер дахлдор мешавад. Донистан зарур аст, ки нарх ҳама вақт ба таври индивидуалӣ ҳисобида шуда, аз бисёр омилҳо вобаста мебошад.

Ҷиҳати ҳисобидани хароҷотҳои рейс, бо менеҷери «Кофранс САРЛ» тариқи телефон ё интернет бояд тамос кард. Бо хоҳишҳоятон шинос шуда, корманд ба шумо пешниҳоди тайёрро бо нишон додани нархҳои дақиқ равон мекунад. Дархости мазкур шуморо аз чизе ӯҳдадор намекунад: шартнома баъд аз мувофиқат кардани тамоми тафсилҳо ва дар сурати розигии шумо аз ҳамаи шартҳо, баста мешавад.

 

Нарх аз чӣ иборат аст

– Вале, тахминан, нархи миёнаш чанд аст? – доимо мепурсанд мизоҷони эҳтимолӣ. Хӯш, биёед кӯшиш кунем бифаҳмем, ки маблағ аз чӣ ташаккул меёбад.

Пеш аз ҳама, арзиши иҷораи ҳавопаймо аз дарознокии рейс ва навъи киштии ҳавоии интихобшуда вобаста мебошад, пас ба нарх шумораи мусофирон, хусусияти хатсайр, тӯлонии таваққуфҳо дар фурудгоҳ таъсир мерасонанд. Билохир, маблағи чамъбастӣ бо назардошти ҳамаи хизматрасониҳои иловагии фармоишдодаи мизоҷ ташаккул меёбад.

Албатта, чӣ қадар дур киштии ҳавоӣ парвоз мекунад, ин қадар рейс гарон мегардад. Барои хатсайрҳои дур, масъалан аз континент ба континент, киштиҳои реактивии махсусан боқувват заруранд ва иҷораи онҳо аз ҳама қимат аст. Ба масофати миёна ҳавопаймои турбовинтӣ парвоз карда метавонад. Нархаш нисбат ба джете, ки ба чунин масофат низ сафар мекунад, арзонтар аст, зеро истифодабарии киштии ҳавоии навъи мазкур камхарҷ мебошад.

Билохир, ба масофати кӯтоҳ «майдаяк»-и 4-ҷоя аз категорияи ҳавопаймоҳои сабук ё ҳатто – чархбол, сафар карда метавонанд. Иҷорашон аз ҳама арзон аст, вале бинобари он, ки ба дараҷа суст парвоз мекунанд, онҳо тез-тез фармоиш дода намешаванд.

 

Оё нархи рейсро мустақилона хисобидан мумкин

Агар рақамҳои дақиқро номбар кунем, арзиши як соати парвоз барои ҳавопаймои сабук 1.500 евроро ташкил медиҳад. Он на зиёд аз чор мусофир бо миқдори майдаи бағоч мекашонад. «Майдаяк»-ро барои парвоз байни шаҳрҳои ҳамсоя ба таври «таксии ҳавоӣ», ки бархилофи автомобил дар шоҳроҳ, тариқи хатсайри рост, бидуни тиққаҳо ва светофорҳо, даврзанию гардишҳои барзиёд ҳаракат мекунад, истифода кардан мумкин. Чархбол низ чунин тарз кор мекунад, зеро дар шароити қӯҳистон ва норасогии фурудгоҳҳо, талаботи зиёдеро дорад.

Аз ҳама зиёд ҳавопаймои миёнаеро, ки ба масофати то ба панҷ ҳазор километр парвоз мекунад, шахсони корчалон фармоиш медиҳанд. Ин, масъалан, барои аз Москва ба  Лиссабон рафта расидан кифоя мебошад. Нархи чунин кишти аз 3 то ба 7 ҳазор евро барои як соати парвоз тағӣир меёбад. Нарх аз андозаи киштии ҳавоӣ ва қуввати он вобаста мебошад. Албатта, иҷораи джети зудҳаракат барои 20 мусофир нисбат ба «додарчааш», ки танҳо 5-6 сайёҳон ва миқдори майдаи бағочро гирифта метавонад, қиматтар мешавад.

Билохир, джетҳои дарозмагистралие, ки аз худ кардани 10 ва баъзан 15 ҳазор километрро бидуни бозрезии сӯзишворӣ қобилият доранд, аз ҳафт ҳазор евро барои як соати парвоз сар карда арзиш доранд. Одатан, чунин ҳавопаймоҳо, агар бо фармоиши махсус бунёд нашуда бошанд, на кам аз 20 нафарро қабул мекунанд. Онҳо хурд шуда метавонанд, масъалан  Gulfstream – G 650, ки  ба канораш на зиёд аз 19 нафарро қабул мекунад. Вале ба чунин масофат ҳавопаймоҳои нисбатан калон, монанди «Боинг» ва «Аэрбас», зиёдтар  парвоз мекунанд, ки дар комлпектатсияи одатӣ чанд сад сайёҳатчиёнро мекашонанд.

Чӣ тавре дар боло қайд гардида буд, ҳавопаймоҳои турбовинтӣ нисбат ба реактивӣ ба дараҷа арзон мебошанд, бинобарин фармоишгарон ҳарзамон маҳз онҳоро интихоб мекунанд. Агар шумо хоҳиш доред, ки нархи дақиқи саёҳатро маълум кунед, ба менеҷери AVIAV TM (Cofrance SARL) муроҷиат намоед, ӯ ҷиҳати интихоби навъи киштие, ба шароит, хатсайр ба буҷаи шумо муносиббуда, кӯмак мерасонад.

 

Ба нархи рейси шахсӣ боз чӣ таъсир мерасонад

Ҳамчунин, зимни фармоиши ҳавопаймои шахсӣ донистан зарур, ки давомнокии таваққуф дар фурудгоҳ аҳамияти калонро дорад. Джет дар осмон нисбат ба дар замин назаррас арзон мебошад, зеро фурудгоҳҳо барои таваққуф тарофаҳои хеле баландро пешниҳод мекунанд. Ҳамин тавр, агар шумо ба Мадрид бо таваққуф дар Берлин ба хотири шопинг ва ташрифи рафиқ парвоз кунед, чунин саёҳат нисбати рейси бевосита ба Испания хеле гарон мегардад. Дар чунин ҳолат ҳатто фармоиши ду ҳавопаймои гуногун нисбат ба пардохти таваққуф мақсаднок ҳисобида мешавад.

Албатта, сатҳи бароҳатӣ дар дохили киштӣ низ ба нарх таъсир мерасонад. Як ҳолат, агар шумо монанди дараҷаи тиҷоратии миёнаодатӣ фақат парвози оддиро фармоиш медиҳед. Аммо, дар вуҷуди мизи мудаввари калон барои хӯроку музокирот, кинотеатр, ваннахона, таомҳои боҳашамат аз тарабхона тамоман дигар тариқа ба миён меояд. Ҳамчунин, шумо барои пешвозатон лимузин, муҳофизаи шахсӣ  ё трансферро аз фурудгоҳ тариқи чархбол рост ба болои яхта эҳтимолан фармоиш медиҳед. Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) ҳар як хоҳишҳоятонро иҷро мекунад.

Чӣ тавр маблағ тақсим карда мешавад

Агар дар бораи нархи рейс сухан кунем, бояд қайд намуд, ки соҳибмулки киштии ҳавоӣ барои иҷорааш даромади хеле ночизро ба даст меоварад, маҳз аз ин сабаб соҳибони ҳавопаймоҳои шахсӣ одатан ҷиҳати онҳоро ба иҷора супоридан саросема нашуда, ба хотири парвозҳои худ истифода мебаранд. Истифодабарӣ ва нигоҳдории джет хеле қимат мебошанд. Вале, маблағе, ки шумо барои чартер пардохт кардаед, чӣ тавр тақсим карда мешавад?

Қариб сеяки ҳамаи маблағҳо фақат барои пардохти сӯзишворӣ меравад! Боз 20%-ро фурудгоҳҳо барои таваққуфи кӯтоҳ бошад ҳам бо зудӣ мегиранд, боз 2% – барои хизматрасонии аэронавигатсионии парвоз сарф мегардад. 18% – ин музди маоши экипаж мебошад. Тахминан 30% боқӣ мемонад. Он барои санҷиши техникӣ ва сервиси ҳавопаймо, хӯроки даруни киштӣ, ҳаққи авиаброекр, хизматрасониҳои иловагӣ, шакли трансфер ва дигар хароҷотҳои истифодабарӣ сарф карда мешаванд.

Ҳамин тавр, шумо воқеъан на ба «кисаи» соҳибмулк, балки маҳз барои худи парвоз пардохт мекунед. Албатта, иҷораи чартерро танҳо шахсони давлатманд, ташкилотҳои калон, ходимони машҳури ҷамъиятӣ ба худ раво мебинанд. Агар шумо ҷиҳати пардохти рейси шахсиро омода бошед, ба ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) дар вақти ба шумо қулай муроҷиат кунед: мо парвозро ба ҳар кадом хатсайр ташкил мекунем!

 

Яндекс.Метрика Top.Mail.Ru