Рейси шахсӣ ба ҳар гӯшаю канори ҷаҳон

Афзалияти асосии чартери шахсӣ аз он иборат аст, ки чунин ҳавопаймо мустақилона ва, новобаста аз рейсҳои ширкатҳои одатии ҳавопаймоӣ, ба хатсайри зарурӣ парвоз мекунад. Агар парвози заруриро мусофиркашонони одатӣ пешниҳод накунанд, пас ба мусофир чӣ илоҷе аст? Бо як ё ду таваққуф, сарфи вақту асабҳо парвоз кардан ё тавассути нақлиёти зеризаминӣ саёҳат намудан, ки аз ин ҳам дурудароз ва дилгирона аст, боқи мемонад. Авиатсияи тиҷоратӣ мушкилии мазкурро ба осонӣ ҳалу фасл мегардонад. Шумо ҳамту ҳавопаймои шахсиро тавассути AVIAV TM (Cofrance SARL) барои худ ва наздиконатон фармоиш медиҳед ва оромона ба шаҳри интихобнамудаи ҷаҳон дар мӯҳлати кӯтоҳтарин оромона сафар мекунед.

Дигар афзалияти бузург аз он иборат аст, ки байни ҳамсафаратон шахсони бегона нестанд. Шумо аз ҳамсӯҳбатони дилнокаш, кӯдакони баландовоз, ҳамсояҳои хурроккунандае, ки баъзан ҳатто дар дараҷаи тиҷоратии ҳавопаймоии одатӣ вомехӯранд, халос мешавед. Шумо мустақилона сатҳи бароҳатии зарурбударо интихоб карда, ё тариқаи буҷавӣ бидуни изофагиҳо – танҳо барои парвоз, ё киштии бароҳатеро дорои ҳар кадом хизматрасониҳои иловагии хоҳишнамудаатон фармоиш медиҳед.

Дар ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) – барои шумо навъҳои истеҳсолкунандагони пешсафи ҷаҳонӣ: Bombardier, Embraer, Sukhoi Superjet, Pilatus,  Fokker, Saab, Cessna, Dassault Aviation, Gulfstream, Beechcraft ва дигарон мавҷуданд. Ҳамаи онҳо эътимоднокӣ ва хислатҳои олиҷаноби парвозии хешро тасдиқ кардаанд. Тариқаи лозимиро шумо ҷиддан мустақилона интихоб мекунед ва, дар вуҷуди зарурият, маслиҳатгари салоҳиятдори авиатсионӣ ба шумо маслиҳати объективиро медиҳад.

 

Маҳалли парвозҳо аз Қирғизистон

Гуфтан мумкин нест, ки ҷуғрофии хатсайрҳо аз фурудгоҳҳои Қирғизистон хеле васеъ мебошад. Ҳатто аз бандари асосии ҳавоии кишвар «Манас» рейсҳои мунтазам ба Аврупо амалан пешниҳод карда нашуда, танҳо баъзе самтҳои осиёвӣ ва шаҳрҳои Русия талабот доранд. Чунин ҳолат ба шахсони корчалони мамлакат ҷиддан маъқул нест, зеро онҳо зарурият доранд, ки ба ҳар давлатҳои ҷаҳон озодона саёҳат кунанд. Вале, ширкатҳои ҳавопаймоиро низ фаҳмидан мумкин: барои онҳо равон кардани ҳавопаймоҳои нимпур ба хотири чанде нафарон зараровар аст.

Дар ин сурат маркази байналмилалии авиатсияи тиҷоратии AVIAV TM (Cofrance SARL) кӯмак мерасонад. Афзалияти мо аз он иборат аст, ки мо рейси заруриро дар вақти қулай амалан ба ҳар кадом хатсайр бидуни таваққуфҳо пешниҳод мекунем. Хати парвозу фурудоӣ ва таҷҳизотҳои техникии фурудгоҳи пойтахти Қирғизистон қабули ҳатто джетҳои боқувваттарини дарозмагистралиеро, ки қобилияти парвозҳои трансатлантикиро доранд, имконият медиҳад. Бинобарин, агар ба шумо зарур аст, ки якҷоя бо улфатҳои камшумор ба континенти дигар парвоз кунед, аз ин чизе осонтар нест: як занг ба «Кофранс» ва мо ҳавопаймои беҳтарини Dassault Falcon 5X ё Gulfstream – G 650 ER-и номдорро пешниҳод мекунем ва шумо тавассути он метавонед, ҳатто, гирди замин ҳам саёҳат кунед!

 

Сатҳи баланди бехатарӣ

Дар авиатсияи тиҷоратӣ ба масъалаҳои бехатарӣ доимо таваҷҷӯҳи махсус дода мешавад. Ҳар киштии ҳавоӣ пеш аз парвоз ҷиддан санҷида мешавад ва танҳо дар он сурат барои рейс иҷозат мегирад, агар дар ҳолатӣ олиҷаноб қарор дошта бошад. Барои ҳавонавардии джети тиҷоратӣ танҳо сарнишинони баландихтисоси дорои таҷрибаи калони кор дар ҳавопаймоҳои гражданӣ рухсат дода мешавад. Ходимони ҳавопаймо низ аттестатсияи байналмилалӣ ва омӯзиши махсусеро мегузаранд, ки барои хизматрасонӣ ба меҳмонони олиқадр равона гардидааст.

Ҳуқуқшиносони AVIAV TM (Cofrance SARL) иҷозати ҳатмиро барои рейс дар як чанд пояҳо мувофиқат намуда, онро қабул мекунанду месанҷанд. Албатта, парвозҳо аз болои минтақаи задухӯрди ҷангӣ иҷро карда намешаванд ва киштӣ аз паҳлуи чунин ҷойҳо дар масофати дур парида, гузашта меравад.

Зимни тамос бо мизоҷ маҳфияти қатъӣ риоя карда мешавад. Дар бораи он, ки шумо ба куҷо ва кадом вақт парвоз мекунед, ба истиснои вуҷуди хоҳишатон, касе хабардор намешавад. Дар вуҷуди зарурият, мо омодаем, ки ҷиҳати ба фурудгоҳ овардани шумо, муҳофизон ва автомобилҳои зиреҳпӯшро пешниҳод намоем.

Кадом вақт чархболҳо ёрӣ мерасонанд

Баъзан ба мизоҷон фавран ба ҷойҳои душворфатҳ, ки ба он ҷо ҳавопаймоҳо умуман парвоз намекунанд, ҳозир шудан зарур аст. Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) дар ин ҳолат низ кӯмак мерасонад: барои трансфери босуръат мо чархболро пешниҳод мекунем. Аввал, джети тиҷоратӣ шуморо ба фурудгоҳи наздиктарин мебарад ва дар он ҷо шуморо чархбол «дастгир» карда, ба нуқтаи таъиншуда бо тезӣ мерасонад. Мо мефаҳмем, ки чунин ҳолатҳо ба вуҷуд меоянд, ки ҳар як дақиқа ғанимат аст.

Чархболҳо дар Қирғизистон талаботи зиёдро доранд. Майдончаҳои чархболӣ дар кишвар зиёданд ва иҷораи чунин воситаи нақлиётӣ ба дараҷа арзон мебошад. Дар маҳалли кӯҳистон чархбол амалан ивазнашавандааст ва онро ба ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) муроҷиат карда, ҳар лаҳза фармоиш додан мумкин: мо дар дохили мамлакат ҳар кадом рейс ва навъеро бо андозаю ғунҷоиши зарурӣ пешниҳод мекунем.

 

Шарики боэътимоди шумо AVIAV TM (Cofrance SARL)

Авиаброкери аврупоии «Кофранс САРЛ» аъзои ассотсиатсияҳои бонуфӯзи авиатсионии EBAA (European Business Aviation Association), NBAA (National Business Aviation Association) ва иштирокчии шабакаи пешсафи чартерии Avinode буда, ба муқофотҳои фахрӣ ва баҳои мусбии мизоҷон аз кишварҳои гуногун сазовор гаштааст. Муддати даҳ соли фаъолият мо соҳиби шӯҳрати нек ва дастгирии шарикони боэътимодтарин гаштаем.

Ҳамаи ин дар бораи устуворӣ ва мустаҳкамии ширкат, ҳамчунин, оиди он, ки ба мо ҳали ҳар кадом вазифаҳое бо авиатсияи тиҷоратӣ вобастабударо боварӣ карда мумкин, гувоҳӣ медиҳад. Парвоз бо хатсайри ғайристандартӣ зарураст? Ба AVIAV TM (Cofrance SARL) муроҷиат кунед: шумо аллакай пас аз чанд соат тариқи джети тиҷоратии шахсӣ ба сафар баромада метавонед!

 

Яндекс.Метрика Top.Mail.Ru